Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо

Бидуни фавт: Вазорат гуфт чанд кас дар Тоҷикистон гирифтори COVID - 19 аст

Шабонарӯзи 13 август дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати фавт аз бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, мегӯянд мақомоти Тоҷикистон
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 авг – Sputnik.Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон омори ҷадиди сироят ва шифоёбӣ аз вируси коронаро эълон кард.
Тибқи иттилои ин ниҳод шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 67 ҳолати ҷадиди гирифторӣ ба COVID - 19 ба қайд гирифта шудааст.
Бар асоси омори нашркардаи ин ниҳод, шумораи гирифторшудаҳо дар қиёс бо теъдоди табобатёфтаҳо дар як шабонарӯз камтар мебошад.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Аз дил то гурда: олимон гуфтанд, COVID -19 ба кадом узви бадан таъсири манфӣ дорад
Таъкид шудааст, ки дар як шабонарӯзи гузашта 84 нафар шифо ёфтаанд.
Мақомоти тандурустии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки дар шабонарӯз ягон ҳолати фавт аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Охирин ҳолати марг аз коронавирус расман дар ҷумҳурӣ 10 август сабт шуда, дар маҷмуъ теъдоди фавтидагон аз ин маризӣ 123 нафар арзёбӣ шудааст.
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Пешниҳоди ҷорӣ кардани 20 рӯз қарантина дар Тоҷикистон: муроҷиатномаи Ҳизби демократ
Тибқи омори расмӣ, аз аввали хуруҷи коронавирус дар ҷумҳурӣ то 13 август маҷмӯан 15 ҳазору 997 сироятшуда сабт гардидаанд.
Аз ин 15 ҳазору 593 нафар шифо ёфтаанд. Аз ин омор бармеояд, ки феълан дар ҷумҳурӣ 281 нафар гирифтори коронавирусанд.