ДУШАНБЕ, 14 авг – Sputnik. Бинои маъмурии “Себзор” аллакай ба истифода дода шуда, сохтмони худи нерӯгоҳ тирамоҳи соли равон оғоз мешавад.
Ба иттилои мақомоти вилоят, дар назар аст, ки баъди ба кор оғоз намудани нерӯгоҳ беш аз 60 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин гарданд.
Қаблан ширкати “Помир энержӣ”, ки масъули таъминоти барқ дар ВМКБ мебошад, камбуди барқро дар фасли зимистон ба камшавии об рабт дода, барои таъминот бо барқ нақшаҳо то соли 2023-ро ироа намуда буд.
“Сохтмони НОБ - и Себзор бо иқтидори 11 МВт бо маблағи зиёда аз 43 миллион доллар то соли 2022, сохтмони нерӯгоҳи офтобии 200 квт дар маркази ноҳияи Мурғоб бо маблағи 655 000 доллар то моҳи июни соли 2020, сохтмони 18 неругоҳи офтобӣ ва 6 гибрид - офтобӣ ва бодӣ дар 61 деҳаи ноҳияи Мурғоб ва водии Бартанг бо арзиши лоиҳавии 5 миллион доллар то 2022”, - аз бандҳои муаррификардаи “Помир энержӣ” мебошанд.
Пештар зикр шуда буд, ки Иттиҳодияи Аврупо ба сохтмони нерӯгоҳи “Себзор” дар ноҳияи Роштқалъаи вилояти Бадахшон беш аз 41 миллион евро ихтисос дода буд.
Нерӯгоҳи “Себзор” дар фарози рӯдхонаи “Шохдара” сохта шуда, барои таъмини сокинони навоҳии кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон ва Афғонистон пешбинӣ гардидааст.