Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

Толибон* ба Sputnik: масоили боқимонда ҳал нашаванд, бо роҳи низомӣ вориди Кобул мешавем

Сухангӯи Толибон* гуфт, ки масъалаҳои боқимонда бояд бо роҳи гуфтугӯ ҳал шаванд.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон* дар посух ба суол дар бораи он, ки ин гуруҳ кай вориди Кобул хоҳад шуд, ба Sputnik Афғонистон гуфтааст, ки масъалаҳои боқимонда бо гуфтугӯ бояд ҳал шаванд, вагарна осон вориди Кобул хоҳанд шуд.
"Агар масъалаҳои боқимонда тавассути муколама ҳал нашаванд, мо бояд тавассути роҳи ҳалли низомӣ вориди Кобул шавем ва ин зуд ва осон хоҳад буд", - мегӯяд Забеҳуллоҳ Муҷоҳид
Дар ҳамин ҳол, Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали раисиҷумҳури Афғонистон дар саҳифаи Фейсбуки худ навишт, ки ҳукумат бар зидди ҳамлаи артиши ҷаҳолат ва террор муқовимат мекунад ва бо тамоми воситаҳо ва захираҳо аз муқовимати миллӣ бар зидди ин ҳуҷум пуштибонӣ мекунад.
Ба қувваҳои мусаллаҳ ва муқовимати миллӣ тамоми имконоти мариди зарурат таъмин карда мешаванд.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Сухангӯи Толибон* далели тасарруфи сареъи шаҳрҳои Афғонистонро тавзеҳ дод
Солеҳ ба мардуми афғон гуфтааст, ки, ки таҳти ҳеч шароите, зери ҳеч унвоне, дар баробари ҳеч имтиёзе, ба хотири ҳеч маслиҳате, султаталабиро болои мардуми Афғонистон намепазирем ва ба ҳеч муомилае, ки толиб шароити онро дикта ва таҳмил кунад, тан дар намедиҳам. Ба ҳеч муомилае, ки исмаш сулҳ ва моҳияташ таслим бошад, тан дар намедиҳам. То ҷойе мақдур бошад, аз ҳаққи тамоми мардуми Афғонистон дифоъ мекунам.
Даъвои Толибон* дар бораи сон вориди Кобул шудан дар ҳолест, ки Замир Кабулов, фиристодаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон мегӯяд, Толибон* ҳануз қодир ба даст гирифтани Кобул нестанд
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар