Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

Ҷон медиҳем, сангар намедиҳем: Нур ба ҷонибдоронаш аз таҷрибаи ҷанги Шӯрави бо Олмон гуфт

Дар охирин изҳороти худ раиси Ҷамоати исломии Афғонистон аз муқовимати худ алайҳи Толибон* хабар дод.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Дар тозатарин наворе, ки аз Ато Муҳаммад Нур, раиси Ҷамоати исломии Афғонистон нашр шудааст, ӯ мегӯяд то охин қатраи хун бар зидди душман мубориза хоҳад бурд.
"Кушта мешавем, сангарро тарк намекунем, кушта мешавем, шаҳрро тарк нахоҳем кард, кушта мешем, вулусволиҳоро пас мегирем", - мегӯяд Нур дар як суҳбат бо нерӯҳои хезишҳои мардумӣ.
Раиси Ҷамоати исломи ба ҷонибдорона мегӯяд, ки вақте Толибон* ба раванди сулҳ "не" мегӯянд, масъулияти мубориза барои сулҳро доранд.
"Нагузоред миллататон зери қамчину шаллоқ зиндагӣ кунад. Мардона зиндагӣ кунед. Зиндагии бозиллат, зиндагии ботавҳин ва зандагие, ки ҳокимият барои сарнавишти миллати худ надошта бошӣ аз ин зиндагӣ марг беҳтар аст. Як бор зиндагӣ кунед ва мардона зиндагӣ кунед. Зиндагии боҳақорат шоистаи мардони боғайрату боиззат нест.", - мегӯяд Нур.
Ӯ барои мисол ҷанги Олмон бо Шӯравиро мисол оварда мегӯяд, русҳое, ки дар баробари ҷангҳои Олмон 20 миллион қурбонӣ доданд ва Русияи имрӯз аст, сарбаланд ва боиззат зиндагӣ мекунад.

"Силоҳ кам буд, аммо эҳсосоту ғурури миллишон баланд буд. Як карабин дар як сангар 11 нафар пуш ба пушт истод мешуд ва ҳар касе кушта мешуд, нафари баъдӣ карабинро мебардошт", - мегӯяд собиқ волии Балх

Ҷаноби Нур гуфт, Амир Исмоилхон, фармондеҳи ошӯбҳои ҷиҳодӣ ва мардумӣ дар вилояти Ҳирот, субҳи имрӯз аз ҷониби Толибон* асир гирифта шуд.
Амир Исмоил Хон ҳангоми ҷанг дар тӯли чанд ҳафта дар шаҳри Ҳирот бо дифоъ аз ҳаёт ва моли мардум асир афтод.
Дар Афғонистон муборизаи нерӯҳои ҳукуматӣ бо ҷангиён, ки солҳо давом дорад, тайи моҳҳои охир шиддат гирифтааст. Дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои ғарбӣ аз Афғонистон ҷангиёни Толибон* фаъол шуда, қисми зиёди қаламрави кишварро зери назорати худ даровардаанд.
Ҳама аслиҳаро дорем: Нур ба Толибон* гуфт, сулҳ кунанд вагарна саркуб хоҳанд шуд - видео
Аз ҷумла бар гузоришҳои ахир қисмати шимолу шимоли шарқи Афғонистон ба дасти Толибон* гузашта, музофоти Панҷшер ва шаҳри Мазори Шариф аз ангуштшумор минтақаҳои калидии қисмати шимол мебошанд, ки Толибон* дар он ҳанӯз қудрат надоранд.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар