Теҳрон ҷойгузини Зарифро эълон кард: вазири нави корҳои хориҷаи Эрон кист?

Раисҷумури Эрон ахиран феҳристи вазирони пешниҳодкардаи худро ба маҷлиси шӯрои исломӣ ироа кард, ки номи Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён ба унвони визири пешниҳодии умури хориҷа дида мешавад. Ӯ ҷойгузини Муҳаммадҷавод Зариф хоҳад шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 август - Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории ИРНА Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури тозаинтихоби Эрон рӯзи 11-уми август Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён, ба унвони вазири умури хориҷии кишвараш муаррифӣ кард.
Абдуллоҳиён ҷойгузини Муҳаммадҷавод Зариф шуд, ки ба муддати 8 сол вазири корҳои хориҷӣ дар ҳукумати Ҳасани Руҳонӣ буд.
Гуфта мешавад, ки Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён ба унвони як дипломати зидди Ғарбӣ дониста мешавад
Маросими савгандёдкунии раисиҷумҳури Эрон - пахши мустақим анҷом ёфт
Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён дар замони раёсати ҷумҳури Маҳмуди Аҳмадинажод муовини вазири корҳои хориҷӣ дар умури Африқо ва ҷаҳони араб буд.
Ба иттилои бархе аз расонаҳо Абдуллоҳиён бо нерӯҳои Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон робитаҳои наздик дорад.