ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов бо вазири корҳои хориҷии он кишвар Сергей Лавров дидору мулоқот кардааст.
Ба иттилои котиботи сафорати Тоҷикистон дар Русия мулоқоти Сатторов бо Лавров ба муносибати анҷоми маъмурияти дипломатиаш ба сифати Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия
"Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили муҳими рӯзномаи дуҷониба, аз ҷумла сафари расмии дарпешистодаи Президенти Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли равон, инчунин баргузории мулоқотҳои сарони давлатҳои СҲШ ва СААД-ро дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор доданд", - афзудааст манбаъ.
Зимни суҳбат, ки дар фазои дӯстона ва боварӣ сурат гирифт, Сергей Лавров ба Имомуддин Сатторов барои касбияти баланд ва саҳми назаррас дар таҳкими муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқи Русияву Тоҷикистон изҳори сипос намуд, навиштааст котиботи ВКХ Русия.
Имомуддин Сатторов дар навбати худ ба Сергей Лавров барои дастгирии ҳамаҷониба дар фаъолияти ӯ ба ҳайси сафири дар Россия, ки ба таҳкими дӯстии анъанавӣ ва ҳамёрии стратегӣ, инчунин татбиқи созишномаҳои дар доираи сафарҳои сатҳи олӣ ва баланд бадастомада мусоидат кардааст, изҳори миннатдорӣ намуд.
Дар поёни мулоқот, вазири корҳои хориҷии Русия ба Сатторов дар фаъолияти минбаъда муваффақиятҳо орзу намуд.
Ёдовар мешавем, санаи 2 август Эмомалӣ Раҳмон бо имзои як фармон Имомуддин Сатторовро аз мақоми сафирӣ барканор кард ва ҳоло дақиқ нест, ки ҳамакнун собиқ сафир дар кадов мансаб таъйин мешавад.
Ба ҷойи Сатторов бошад, Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ, ки қаблан дар мансаби муовини Сарвазири Тоҷикистон, ифои вазифа кард, таъйин шуд