ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Русия барои сохтмони посгоҳи марзӣ дар сарҳади Афғонистон ба Тоҷикистон беш аз як миллион доллар ҷудо кардааст, мегӯяд Олег Сиромолотов, муовини вазири корҳои хориҷии Русия дар мусоҳиба бо "Интерфакс".
Ба гуфтаи ӯ, дар чаҳорчӯби робитаҳои наздик дар сатҳи олӣ созишномаи дахлдор оид ба кӯмаки молиявӣ ба имзо мерасад.
Постгоҳи сарҳадӣ бо дарназардошти технологияҳои муосир дар вилояти Хатлон, яке аз осебпазиртарин минтақаи марзи Тоҷикистону Афғонистон бунёд хоҳад шуд.
Дипломат ҳамчунин таъкид кардааст, ки Русия тавассути ниҳоди дифоӣ ва хадамоти махсус бо Тоҷикистон робитаҳои доимии корӣ дорад.
Сохтмони гузаргоҳи нав дар марзи ҷумҳуриҳо дар ҷараёни сафари вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров ба Душанбе моҳи май маълум шуд.
Ёдовар мешавем, ки тамринҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳи Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар тамрингоҳи Ҳарбмайдон, дар 20 километрии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ба анҷом расиданд.
Вазири дифоъ Сергей Шойгу гуфт, ки марзи Афғонистон бо Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таҳти назорати Толибон* аст.
Ҳамин тариқ, ба гуфтаи ӯ, кишварҳои узви СПАД бояд аз ҳамлаи эҳтимолии Толибон* ҳушёр бошанд.
Ин машқҳо дар робита ба авҷ гирифтани муноқишаи мусаллаҳона дар Афғонистон байни сарбозони ҳукуматӣ ва ҷангиёни ҳаракати радикалии Толибон* сурат гирифт.