ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Олег Сиромолотов, муовини вазири умури хориҷаи Русия гуфт, ки низомиёни Русия пайваста марзи Тоҷикистону Афғонистонро назорат мекунанд.
Вай афзуд, ки назорат бо истифода аз таҷҳизоти иктишофии ҳавоӣ ва электронӣ, ки дар ихтиёри артиши Русия ҳаст, сурат мегирад.
"Барои кумак ба Душанбе, дар вақти лозима, мо омодаем аз пойгоҳи низомии 201 истифода барем. Мо тавонмандии ҷангӣ ва фаннии пойгоҳро пайваста тақвият мебахшем", - таъкид кард намояндаи ВУХ Русия дар суҳбат бо "Интерфакс".
Ҳамчунин, дар ҳолати фавқулода, мумкин аст қуввазои ҳавоӣ аз фурудгоҳи Кант, ки дар Қирғизистон мустақар аст, ҷалб карда шавад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки маҳз халабонони пойгоҳи 201 - и Русия аз Кант, дар машқҳои сеҷониба дар тамрингоҳи Ҳарбмайдон, 20 километр дуртар аз сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ширкат карданд.
Дар ин машқҳо, низомиёни Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон вокуниш ба таҳдидҳои беруна, бахусус, воридшавии гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷангиён аз Афғонистонро машқ карданд.