ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров нишон дод, чӣ гуна фарзандони ӯ дар Донишгоҳи Нерӯҳои Махсуси Русия дар Гудермес тамрин мекунанд.
Қодиров навори машқҳои тактикии тирандозиро дар саҳифаи худ дар ВКонтакте нашр кардааст..
"Бачаҳо натиҷаҳои аълои дақиқӣ ва суръати расидан ба ҳадафҳоро нишон доданд. Онҳо тирпаррониро аз аввал тамрин карданд ва аз як марҳилаҳои ниҳоии омӯзиш бомуваффақият гузаштанд", - навиштааст сиёсатмадор.
Қодиров афзудааст, ки мураббии онҳо, муборизи машҳури олами ММА ва бокс - Абдул-Карим Эдилов рафти тамринотро мушоҳида кард.
Дар ин навор фарзандони раҳбари Чеченистон бо силоҳи низомӣ ҳадафҳоро маҳв карданд.
Қодиров қайд кард, ки ҳамеша аз дидани муваффақияти писаронаш шод аст.