ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон шахси номаълум як тир холӣ кардааст. Дар ин бора дафтари матбуоти Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки тир дар вилояти Бодканд парронда шудааст. Тири 5,45 мм аз милтиқи АК-74 ба тирезаи беморхонаи деҳаи Интернатсионали вилояти Лайлак бархӯрд. Касе аз беморон осеб надидааст.
Пуля в больнице, в Баткенской области
© пресс-служба ГКНБ КР
Пас аз ин ҳодиса, намояндагони хадамоти марзбонии Тоҷикистон ва Қирғизистон ба таври фаврӣ суҳбати телефон карданд. Ҷониби Тоҷикистон ваъда додааст, ки силоҳи ҳайати шахсии мустақар дар марзи деҳаи Интернатсионалро тафтиш мекунад.
Бино ба иттилоъи Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, баъдтар мақомоти марзбонии ҳар ду кишвар вохӯрие ташкил карданд.
"Аз рӯи натиҷаи санҷиши муҳимоти ҷангӣ маълум шуд, ки марзбонони Тоҷикистон аз силоҳ истифода накардаанд", - омадааст дар гузориш.
Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки тафтишоти шахсии ин ҳодисаро анҷом диҳанд.
Ҳамзамон, марзбонони тоҷик ишора карданд, ки тир эҳтимолан тасодуфӣ будааст.
Ҳоло вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон мӯътадил арзёбӣ мешавад.