Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон ҳамсолони ӯзбекашонро бо ҳисоби калон шикаст доданд

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол дар як бозии рафиқона ҳамсолонашон аз Ӯзбекистонро шикаст доданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 авг – Sputnik. Бозии рафиқона миёни тимҳои наврасони то 15-солаи Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки шоми 11 август дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе доир шуд, бо ҳисоби 6:3 хотима ёфт

Ба иттилои котиботи ФФТ голи нахустини бозиро бозингари тими меҳмон Амирбек Саидов дар дақиқаи 4-ум кушод.
Бозингари мунтахаби Тоҷикистон Азиз Зарифӣ бошад, дар дақиқаи 27 ҳисобро баробар кард.
Билол Бобоев дар дақиқаи 29 ва Амирҷон Бақоев дар дақиқаҳои 31 ва 37 се голи дигар зада, Тоҷикистонро ба пеш бароварданд. Азиз Зарифӣ қабл аз ҷамъбасти нимаи аввали дидор голи дуюми худ ва панҷуми мунтахаб ва Меҳрубон Ҳамидов дар дақаи 78 голи шашуми мунтахаби Тоҷикистонро ба ҳадаф расонд.
Нахустин голи футболбози тоҷик дар Белорус ва шикасти "Динамо Минск"
Дар нимаи дуюм меҳмонон фаъол гардида, тавассути Иброҳимҷон Турсуналиев дар дақиқаи 69 ва Оллаберган Каримов дар дақиқаи 77 ду гол зада, ҳисобро голҳои мунтахаби Ӯзбекистонро ба 3 бароварданд.
Ба иттилои манбаъ, бозии ҷавобии дӯстона рӯзи ҷумъа, 13-уми август, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе доир мекунанд.