ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Дар Душанбе масоили тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати рушди иқтисод.
Бино бар иттилои манбаъ ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни ду кишвар дар мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Завқӣ Завқизода бо Сафири Покистон дар Тоҷикистон Имрон Ҳайдар баррасӣ шуд.
Гуфта шудааст, ки зимни мулоқот Завқӣ Завқизода қайд кардааст, ки муносибатҳои Тоҷикистону Покистон решаҳои тӯлонӣ ва амиқ дорад.
“Сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон, ки дар ҷараёни он 12 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расидааст, шаҳодати гуфтаҳост”, — қайд кард вазир.
Ҳамзамон зикр гардидааст, ки дар 6 моҳи соли равон тадриҷан барқароршавии гардиши савдо миёни ду кишвар мушоҳида мешавад.
“Дар ин давра ин нишондиҳанда ба 18,9 миллион доллари амрикоӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,3 фоиз афзоиш ёфтааст”, - афзуд Завқи Завқизода.
Қайд карда шудааст, ки тарафҳо изҳори боварӣ карданд, ки ин нишондиҳанда иқтидори мавҷудаи байни кишварҳоро инъикос накарда, ҳоло ҳам имкониятҳои зиёди истифодаи ин иқтидорҳо вуҷуд доранд.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки вазири тоҷик зимни мулоқот якчанд самтҳои афзалиятноки ҳамкории ояндаи мутақобилан судманд, бахусус таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба истеҳсоли маҳсулоти тайёр бо арзиши иловашуда дар соҳаҳои нассоҷӣ ва фармасевтӣ, истифодаи имкониятҳои транзитӣ ва сайёҳӣ, аз ҷумла дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва рушди тиҷорати дуҷониба пешниҳод намуд, ки ҷониби Покистон пазируфта шуд.