ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Аз соати 11:00 то соати 23:00 -и рӯзи 11 август, дар маҳаллаи Меҳрободи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе интиқоли оби ошомиданӣ қатъ мегардад.
Дар ин бора Корхонаи воҳиди давлатии "Обу корези Душанбе" хабар медиҳад.
Сабаби маҳдуд шудани обрасонӣ, таъмири қубурҳо гуфта мешавад.
"Ин иқдом дар робита ба татбиқи лоиҳаи обтаъминкунии обу корезии Бонки ҷаҳонӣ ва ивази қубурҳо гирифта мешавад", - омадааст дар хабарномаи АМИТ "Ховар".
Дар ин росто, аз сокинони маҳаллаи мазкур хоҳиш карда мешавад, ки об захира намоянд.
Ногуфта намонад, ки пештар низ чанд маротиба дар саросари шаҳри Душанбе обрасонӣ қатъ шуда буд.
Он замон шаҳрдории Душанбе гуфта буд, ки сабаб таъмири қубурҳо обтаъминкунӣ мебошад.