"Мурдаи зиндашудагӣ ба ман мегӯяд": суҳбати милисаҳо бо зани "ҷинбарор" - видео

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз аъмоли ғайриқонунии ду зане хабар дод, ки ба фолбинию ҷинбарорӣ машғул будаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. ВУД бо нашри як гузориш гуфт, зане бо иддаои он, ки ҷину ҷодуро мебарорад, моли корафтодагонро аз худ мекардааст.
Манбаъ афзуд, ба идораи милиса дар шаҳри Норак ҷавоне муроҷиат карда, арз дошт, ки зане худро "ҷинбарор" гуфта, бо сӯиистифода аз боварӣ аз ӯ як адад телевизор, як телефон, се ангшутарӣ ва як гарданбанди тиллоӣ гирифтааст.
Ба иттилои ВУД, маъмурини милиса муайян намудаанд, ки ҷинбарор зани 34-сола, истиқоматкунандаи муваққатии шаҳри Бохтар мебошад.
Дар гузориш, зани муттаҳам ба суол, ки чигуна ҷои ҷодуро меёбад, посух дод, ки пушташ тоза аст.

"Пуштҳоямон тоза будагӣ, мегӯянд, ки ҷоду дар куҷост. Як мурдаи зинда шудагӣ одам", - посух дод зан ба суол дар мавриди шеваи ошкор кардани ҷоду.

Инчунин аз аъмоли ғайриқонунии зани 45-сола, сокини шаҳри Ҳисор хабар додааст, ки бо истифода аз боварӣ тариқи карта, ришта, қулфу калид ва дигар ашё ба бахту коркушоӣ машғул будааст.
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, аз рӯи ин ҳолатҳо санадҳо тартиб дода шуда, тафтишот идома дорад.