Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Дар Владикавказ пас аз фавти 11 маризи коронавирус мушкили беморхона ҳал шуд

Бар асари як садама дар беморхона Ёрии таъҷилии Владикавказ якбора 11 маризи коронавирус аз норасоии оксиген ҷон бохтанд. Синни фавтидагон аз 47 то 85 - сола гуфта мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Вазорати тандурустии Осетияи Шимолӣ хабар дод, ки дар беморхонаи Ёрии таъҷилии Владикавказ, беморонро бо оксиген пурра таъмин намуданд, хабар медиҳал РИА Новости. Қаблан дар ин беморхона бар асари як садама 11 нафар аз нарасоии оксиген ҷон бохтанд.
Ба иттилои манбаъ, ба ин беморхона якбора чанд мошин аз минтақаҳои гуногун газ интиқол доданд.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Сироятёбӣ каму фавт зиёд: омори коронавирус дар Русия
Аз ҷумла се тонна аз Кабардино Балкар, чор тонна аз Ставропол ва ҳашт тонна аз Краснодар ворид шуд. Як тоннаи дигар аз аэродроми Армияи 4 -уми Нерӯҳои Ҳавоӣ ва Дифои Ҳавоии Округи Ҳарбии Ҷанубӣ, ки дар Моздок ҷойгир аст, фиристода шуд.
Рӯзи душанбе дар ин беморхона садама ба амал омад, ки 11 нафари аз 47 то 85 - сола фавтиданд. Вазорат вазъи саломатии ҳар 9 нафарро ниҳоят вазнин арзёбӣ карда буд.
Феълан кумитаи тафтишотӣ дар робита ба вазъияти рухдода парвандаи ҷиноӣ кушода, тафтишотро дар ин самт идома медиҳад.