Таркиши гӯшаки бе сим марди 28 - соларо кушт

Безпроводные наушники
Ракеш Кумар бар асари таркиши гӯшаки бе сими як ширкати на он қадар машҳур фавтидааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Дар Ҳиндустон сокини 28 - сола, Ракеш Кумар бар асари таркиши гӯшаки бе сим ба ҳалокат расид, хабар медиҳад "Популярная механика".
Гӯшмонакҳо вақте таркиданд, ки онҳо дар гӯши Кумар буданд. Дастгоҳ ба смартфони барқгиранда пайваст карда шуд.
Телефон на зарядке, архивное фото
Писари блогери машҳур аз зарби қувваи барқи телефон дар ванна ҳалок шуд
Манбаъ меафзояд, ҷавон зуд аз ҳуш рафт ва пас аз интиқол ёфтан ба бемористон дилаш аз кор монд ва ё фавтид.
Қайд карда мешавад, ки марҳум гӯшаки бе сими бренди маҳаллии номаълумро истифода мебурд, ки дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ фурӯхта мешавад.
"Помулярная механика" таъкид мекунад, ки дастгоҳҳои истеҳсолкунандагони маъруф низ метавонанд таркад. Чунин ҳодисаҳо бо Beats ва AirPods иттифоқ афтода буд.