Парвандаи директор ва омӯзгори Истаравшан: вақти ғарқшавии хонандаҳо беаҳамиятӣ кардаанд

Додситони шаҳри Хуҷанд дар пайи ғарқшавии чаҳор хонандаи мактаби шаҳри Истаравшан дар рӯди Сир, нисбати Сайриддин Юсупов ва Эгамбердӣ Абдусамадов, директор ва муаллими мактаби № 60 парвандаи ҷиноӣ оғоз намудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Манобеъ аз прокуратураи шаҳри Хуҷанд бо ироаи ин иттилоъ гуфтанд, ки нисбати директор ва муаллими мактаби № 60 и деҳаи Ниҷонии шаҳри Истаравшан бар асоси моддаи 108 қисми 2 (аз беэҳтиётӣ ба марг расонидани шахс ё ашхос) - и Кодекси ҷиноӣ парванда боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.
"Аз ҷониби муфаттишон ҳодисаи ғарқшавии хонандаҳо дар Сирдарё санҷиш гузаронида шуд ва нисбати директор ва муаллими МТМУ № 60 шаҳри Истаравшан парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст", - гуфт манбаъ.
Рӯзи 7 июли соли ҷорӣ як гурӯҳ хонандаҳои синфи 6 ва 9 аз Истаравшан ҳамроҳ бо Сайриддин Юсупов ва Эгамбердӣ Юсупов, директор ва омӯзгор, роҳбари синф барои сайёҳат ба боғи “Наврӯзгоҳ” - и Хуҷанд рафтанд. Аммо ин сайёҳати коллективӣ ба ғаму андӯҳ печид.
Ҳангоми оббозӣ дар ҷойи мамнӯъ чаҳор нафар: Садриддин Каримов, Аслибек Мамадшоев, Бахтиёр Каримқулов ва Лазизбек Хидириов, ки хонандаҳои синфи 9 буданд ба коми Сирдаё дарафтода, ғарқ шуданд.
Сокинони Ниҷонии Истаравшан аз марги чор наврас дар як рӯз хун мегирянд
Субҳи рӯзи 8 июл ҷасади хонандаҳо ба шаҳри Истаравшан интиқол дода ва субҳи ҳамон рӯз ҷанозаи онҳоро ба хок супориданд.
Рухдоди ин ҳодисаи мудҳиш, аҳли ҷамоати Ниҷониро мотамзада кард. Аз мақомоти додситонӣ гуфтанд, ки зимнан пешбурди тафтиши парванда идома дорад.
Бо моддаи 108 қисми 2 (аз беэҳтиётӣ ба марг расонидани шахс ё ашхос) ҷазои маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян то панҷ солро пешбинӣ мекунад.