Тамриноти низомиёни се давлат дар пасманзари бад шудани авзои Афғонистон гузаронида шуд.
Тибқи нақша низомиён бар зидди ҷангиёне омода шуданд, ки гӯиё ғайриқонунӣ марзи Тоҷикистонро убур кардаанду нияти анҷоми амали террористӣ доранд.
Дар паи иктишофи ҳавоӣ макони ҷангҷӯён муайян карда шуд.
Низомиён гурӯҳи шартии ҷиноиро нест карданд.
Онҳоро артиллерия ва қувваҳои ҳавоӣ дастгирӣ карданд.
Дар безараргардонии душмани шартӣ миномётҳои пойгоҳи низомии 201 ва Қувваҳои Мусаллаҳи Ӯзбекистон ба кумаки ҳамтоёни тоҷики худ омаданд.
Макони буду боши душманон ба халабонони чархболҳо расонида шуд.
Воҳидҳои се кишвар дар мошинҳои зиреҳпӯши БТР-82А, мошинҳои ҷангии пиёданизоми БМП-2, ки аз ҷониби экипажҳои танкҳои Т-72 тақвият дода шуда буданд, душманро шикаст дод.
Барои монеъ шудан ба ҷангҷӯён, ки ба пуштаи санглох, ақибнишинӣ мекарданд, қисмҳои махсуси Тоҷикистон ҳамла намуданд.
Дар машқҳои муштарак беш аз 2,5 ҳазор низомии нерӯҳои мусаллаҳи Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ва тақрибан 500 адад аслиҳа ва техникаи низомӣ ҷалб шудаанд.
Халабонон ҳаракат дар масири мураккабро машқ карда, зидди мушакҳои душман корбарӣ намуданд.
Тамриноти низомиёни се давлат дар пасманзари бад шудани авзои Афғонистон гузаронида шуд.
Ҳадаф аз ин машқҳо амалияи дафъи таҳдидҳои эҳтимолӣ, таъмини амният ва нигоҳ доштани субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ буд.
Ҳамчунин, то охири соли равон дар Русия ва Тоҷикистон як қатор машқҳои муштарак дар доираи СААД баргузор хоҳал шуд.