ДУШАНБЕ, 10 авг - Sputnik. Менеҷери сарояндаи рус МакSим (Марина Абросимова) Маргарита Соколова вазъи сарояндаро шарҳ дода, замони эҳтимолии ҷавоб шудан аз беморхонарро гуфт, хабар медиҳад, "Пятый канал".
Ёдрас мешавем, ки бистарӣ шудани MaкSим бо илтиҳоби шуш 19 июн маълум шуд. Баъдтар, бинобар зарари шадиди шуш, вай ба комаи сунъӣ ва дастгоҳи сунъии нафасдиҳӣ пайваст карда шуд.
Ташхисҳои сароянда аз коронавирус манфӣ буданд.
"Ӯро ба палатаи оддӣ гузарониданд. Мустақилона ҳаракат мекунад, нафас мекашад, ба ӯ телефонашро доданд. Акнун ӯ дар алоқа ҳаст. Албатта, ҳоло барояш мушкил аст. Энержӣ наонқадар зиёд аст. Нафас кашидан барояш осон нест, вале акнун бе дастгоҳ аст", - нақл кард Маргарита Соколова.
Ба гуфти ӯ МакSим ба зудӣ аз бемористон мураххас хоҳад шуд - "мумкин баъди як ё якуним ҳафта".
"Фикр мекунам, табобаташ наздик омадаст ва ӯро аз беморхона ҷавоб медиҳанду муолиҷаро дар хона давом медиҳад. Шукри Худо ба по хезонданд, зинда ҳаст", - гуфт ӯ.
Пизишкон ба сароянда ба муҳлати муайян ҳунарнамоӣ ва парвозро мамнӯъ карданд.
Ёдрас мешавем, ки рӯзи 9 август пас аз якуним моҳи дар кома буданаш, МакSим дар саҳифааш дар Instagram паём навишт.
Ӯ ба пизишкон барои наҷот ва ба ҳаводораш барои дастгирӣ изҳори сипос кард.