ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Дар Душанбе бар асари як рейд 48 кӯдак барои шабгардӣ ва машғул будан ба бозиҳои зараровари компютерӣ ба идораи милитсия интиқол дода шуданд.
Раёсати Вазорати умури дохила дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки рейди мазкур ба хотири пешгирӣ намудан аз оворагардӣ ва даст задани ноболиғон ба ҳар гуна кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ пиёда карда шуд.
Манбаъ меафзояд, аз миёни 48 кӯдаке, ки ба шӯъбаи милитсия оварда шуданд, 19 нафари онҳо барои оворагардӣ, 14 кас ба хотири машғул будан ба бозиҳои компютерӣ ва боқимонда 15 тани дигар барои содирнамоии дигар кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ дастгир гардиданд.
Зимнан, волидони кӯдакон низ ба шӯъбаи милитсия оварда шуда, тибқи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати онҳо маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд.
Илова бар ин, кормандони милиса як нафар маъмури Интернет-кафе, ки қаблан барои роҳ додани ноболиғон ба бозиҳои компютерӣ огоҳинома гирифта буд, вале онро нодида гирифт, боздошт намуданд.
Тибқи қарори суд, нисбати ин сокини шаҳри Ваҳдат ҳабси маъмурӣ ба мӯҳлати 5 шабонарӯз татбиқ карда шуд.