ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Додгоҳи шаҳри Митишии назди Маскав тасмим гирифт, ки 12 муҳоҷири корӣ аз Осиёи Марказиро барои ширкат дар занозании оммавӣ ихроҷ кунад, хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.
"Бо қарори додгоҳи Митиши (онҳо - таҳрир), тибқи моддаи 18.8 Кодекси маъмурии Федератсияи Русия (" Вайрон кардани низоми будубош дар Федератсияи Русия аз ҷониби шаҳрванди хориҷӣ ") гунаҳкор дониста шуданд", - гуфта мешавад дар қарори додгоҳи Митиши.
Бар асоси ҳукми додрас, ин шаҳрвандони хориҷие, ки барои кор ба Русия омадаанд, ҳамзамон шаш ҳазор рублӣ ҷарима шудаанд.
Ҳама муҳоҷирон пас аз занозании оммавӣ, ки 6 август дар Митиши наздикии Маскав дар кӯчаи Пограничная ба амал омаданд, боздошт шуданд.
Дар маҷмӯъ, дар ин ҷанг наздики 40 муҳоҷир ширкат доштанд. Онҳо силоҳи оташфишон ва кордҳоро истифода мебурданд.
Дар натиҷаи муноқиша се зодаи Чеченистон маҷрӯҳ ва дар бемористон бо ташхиси шикастагиб захм аз шикам бистарӣ шуданд.
Сабаби занозании оммавӣ ихтилоф дар тиҷорат байни шаҳрвандони Тоҷикистон ва Чеченистон гуфта мешавад.