ДУШАНБЕ, 10 авг - Sputnik. Корманди воломақоми додситонии кул Аҳмадҷон Раҳмонзода дар синни 51 - солагӣ даргузашт. Дар ин бора дар шабакаи иҷтимоии Facebook хабар дода мешавад.
Расонаҳои маҳаллӣ аз қавли пайвандони марҳум хабар додаанд, ки Раҳмонзода наздики як моҳ дар манзилаш таҳти назорати пизишкон аз илтиҳоби шуш табобат мегирифтааст.
Аммо муолиҷа натиҷа надодааст ва Аҳмадҷон Раҳмонзода шоми 9 август олами фониро тарк кардааст.
Марҳум корманди воломақоми додситонии куллии Тоҷикистон буда, солҳои тӯлонӣ аз ҷумла ба ҳайси прокурори ноҳияҳои Данғараву Қубодиён ва Ҷайҳуни вилояти Халон фаъолият кардааст.
Бояд гуфт, ин дуввумин мотам дар паи илтиҳоби шуш дар хонаводаи Раҳмонзодаҳо мебошад. Соле қабл бародари марҳум, сардори Раёсати милитсияи экологӣ ва сайёҳӣ генерал-майор Алихон Раҳмонзода дар синни 61-солагӣ, бар асари бемории илтиҳоби шуш фавтида буд.
Маросими ҷанозаи Аҳмадҷон Раҳмонзода, 10 август дар зодгоҳаш - ҷамоати Пушинги ноҳияи Данғара баргузор мешавад.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ёру дӯстон ва ҳамкорони марҳум ба аҳли хонаводаи Раҳмонзодаҳо изҳори тасаллӣ мекунанд ва барояшон сабри ҷамил хоҳонанд.