ДУШАНБЕ, 10 авг - Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард.
Тибқи иттилои ин ниҳоди молиявӣ арзиши 1 рубли русӣ 0,1536 сомонӣ мебошад. Дирӯз дар бозори арзи Тоҷикистон барои як рубли русӣ 0.1542 сомонӣ медоданд.
Қурби доллар бошад, дар ин рӯзҳо тағйир наёфтааст ва дар ҳудуди 11.3230 барои як доллар боқи мондааст.
Ҳамзамон тибқи иттилои БМТ, қурби асъори аврупоӣ нисбат ба сомонӣ дар рӯзҳои ахир якбора боло рафтааст.
Дар бозори арзи кишвар арзиши як евро 13,3238 сомонӣ муқаррар гаштааст. Дирӯз қурби асъори аврупоӣ дар бозори арзи ҷумҳурӣ 13.7202 сомонӣ барои як евро арзиш дошт.
Ҳамин тавр, қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст.
1 доллари ИМА аз 11.3230 то 11.3400 сомонӣ;
1 евро аз 13.3238 то 13.6000 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1536 то 0.1555 сомонӣ.
Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.