Сироят ба коронавирус ҳасту марг нест: омори тозаи вазорат аз COVID - 19 дар Тоҷикистон

Вазорати тандурустӣ бо нашри омори ҷадиди гирифторӣ ва шифо аз коронавирус изҳор доштааст, ки давоми рӯзи гузашта ягон ҳолати фавт аз ин беморӣ сабт нагардидааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 авг – Sputnik. Тайи 24 соати гузашта дар Тоҷикистон 68 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст, омадааст дар омори расмии Вазорати тандурустӣ.
Вазорат мегӯяд, теъдоди шифоёфтагон аз гирифторшудаҳо тайи шабонарӯзи гузашта ба 74 нафар баробар шуд.
Манбаъ афзуд, тайи шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати фавт аз коронавирус сабт нашуда, шумораи ҷонбохтагон аз ин беморӣ ҳамоно 122 нафарро ташкил медиҳад.
Ҳамин тавр, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 8 август дар кишвар 15651 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 15193 нафар (97,1%) шифо ёфтаанд.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт роҳи ягонаи муҳофизати инсонро аз мутатсияҳои коронавирус номид
Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват мекунад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаро қатъиян риоя намоянд.
Ин ниҳод рӯзи 21 июн аз сар задани мавҷи дуюми коронаиврус хабар дод ва сипас ваксингирии ҳатмӣ барои афроди аз 18 - сола болоро ҷорӣ кард.
Ҳоло дар Тоҷикистон ба мардум се намуд ваксин AstraZeneca, Moderna ва дигаре CoronaVac пешниҳод мешавад.