Рубл нисбат ба сомонӣ арзон шуду евро қимат: хабари ахир аз бозори арзи Тоҷикистон

Ахиран дар бозори арзи Тоҷикистон тағйрот дар қурби евро ва рубли руси нисбат ба сомонӣ мушоҳида шуд. Қурби рубли русӣ дар бозори асъори Тоҷикистон нисбат ба сомонӣ поин рафту, қурби евро баракс якбора ба таври назаррас боло рафт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 авг - Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард.
Тибқи иттилои ин ниҳоди молиявӣ арзиши 1 рубли русӣ 0,1542 сомонӣ мебошад. қаблан санаи 6 август дар бозори арзи Тоҷикистон барои як рубли русӣ 0.1544 сомонӣ медоданд.
Қурби доллар бошад, дар ин рӯзҳо тағйир наёфтааст ва дар ҳудуди 11.3230 барои як доллар боқи мондааст.
Ҳамзамон тибқи иттилои БМТ, қурби асъори аврупоӣ нисбат ба сомонӣ дар рӯзҳои ахир якбора боло рафтааст.
Дар бозори арзи кишвар арзиши як евро 13,7202 сомонӣ муқаррар гаштааст. Ҳафтаи гузашта санаи 6 август дар бозори арзи ҷумҳурӣ барои як евро 13.4064 сомонӣ медоданд.
Рубл – арзишношинохтатарин арзи ҷаҳон: арзиши доллар дар асл чӣ қадар аст
Ҳамин тавр, қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст.
1 доллари ИМА аз 11.3230 то 11.3400 сомонӣ;
1 евро аз 13.7202 то 13.4600 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1542 то 0.1558 сомонӣ.
Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.