Қарор барои қатъи якмоҳаи ҳаракат дар бархе роҳҳои Душанбе: кадом кӯчаҳо, рӯзҳо ва соатҳо?

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе бо имзои як қарор дар пойтахт барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт маҳдудиятҳо ҷорӣ намуд, ки қариб як моҳ давом хоҳанд кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 авг – Sputnik. Далели масдудсозии ҳаракат дар бархе аз масирҳои марказии пойтахт омодагии сафороӣ ва гузашти ҳарбӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ шудааст.
Бар асоси ин қарор, аз соати 15:00 то 21:00 -и 10 -ум то 26 -уми август дар кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ, дар қитъаи аз буриши қӯчаи Карамов то буриши кӯчаи Саъдӣ Шерозӣ ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ қатъ мешавад.
Аз баҳси барқрасонӣ то омодагӣ ба ҷашнҳои бузурги соли 2021 дар ҷаласаи Ҳукумат
Дар хиёбони Исмоили Сомонӣ масдудият аз 27 август то 7 сентябр давом мекунад. Тайи ин муддат аз соати 18:00 то 23:00 дар қитъаи буриши хиёбони Рӯдакӣ то буриши хиёбони Абуалӣ ибни Сино ҳаракати нақлиёт қатъ мешавад.
Раёсати умури дохилии Душанбе муваззаф шудааст, ки барои таъмини ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар кӯчаю хиёбонҳои ҳамшафат ва бехатарии шаҳрвандон чораандешӣ кунад.
Тоҷикистон имсол 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатиро таҷлил мекунад, ки интизор меравад, сарфи назар аз маҳдудиятҳои ковидӣ яке аз чорабиниҳои бузург дар кишвар гардад.