ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Олмон миллионҳо вояи ваксинаи коронавирусро ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ, аз ҷумла ба Тоҷикистон тақдим кард. Дар ин бора намояндаи девони Вазирони Олмон Улрике Деммер дар брифинге изҳор дошт.
Дар маҷмӯъ, Олмон ба панҷ кишвар тақрибан 30 миллион вояи ваксинаи AstraZeneca интиқол медиҳад. Ваксина ба Афғонистон, Судон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Эфиопия интиқол дода мешавад.
Деммер инчунин гуфт, ки ваксинаҳо ба кишварҳо тавассути барномаи COVAX фиристода мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки барои эмгузаронии аҳолӣ Тоҷикистон аз манбаъҳои гуногун беш аз чор миллион вояи доруи хориҷӣ гирифтааст.
Ҳамин тариқ, дар кишвар аҳолӣ метавонанд бо ваксинаи чинии CoronaVas, AstraZeneca-и Англия-Шведсияи истеҳсолоти Ҳиндустон ва Moderna - и амрикоӣ эм кунанд.
Дар кишвар инчунин масъалаи таъмини ваксинаи русии "Sputnik V" баррасӣ мешавад. Тибқи созишнома бо Федератсияи Русия, он ба Тоҷикистон низ ройгон дода мешавад.