Дидори маршал Дӯстум бо вазири дифоъ: вазъи шимол ва шимол шарқи Афғонистон баррасӣ шуд

Роҳбари ҳизби “ҷунбиш” ва вазири дифои Афғонистон дар мавриди авзои ҷории кишвар ба хусус вилоятҳои шимол ва шимол шарқ баҳс карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 авг – Sputnik. Маршали Абдулрашид Дӯстум, раҳбари Ҳизби “Ҷунбиши Миллии Афғонистон”, ахиран бо генерал Бисмилло Муҳаммадӣ, вазири дифои ин кишвар, дар иқоматгоҳаш дар шаҳри Кобул дидору гуфтугӯ кард, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Дар ин мулоқот, вазъи кунунии Афғонистон, бахусус дар вазъи шимол ва вилоятҳои шимол шарқӣ Афғонистон баррасӣ шуд.
Гуфта мешавад, ки дар ин нишаст мавзӯъи андешидани чораҳои ҷиддӣ барои бозпас гирифтани манотиқи аздастдода ва ҷилавгирӣ аз суқути минтақаҳои дигар баррасӣ шудааст.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Маркази вилояти Қундуз ва Сарипул суқут карданд
иттилоъ дода шуд, ки маршали Афғонистон ва вазири дифои ин кишвар дар шимоли кишвар як дафтари сайёр ва саҳроӣ таъсис доданд, то нерӯҳои амниятӣ ва нерӯҳои хезишҳои мардумиро тақвият диҳанд, инчунин минтақаҳои аздастдодаро бозпас гиранд ва аз суқути минтақаҳо пешгирӣ намоянд.
Манбаъ ёдрас шудааст, ки чунин нақшаҳо қаблан аз ҷониби ноиби президенти пешин маршал Абдулрашид Дӯстум ба президенти Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ пешниҳод шуда буд.