Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо

Маълум шуд, ки доруҳои арзону дастрас бар зидди коронавирус самаранок будаанд

Доруе, ки бар зидди аксари намудҳои COVID-19 муассир аст, дар саросари ҷаҳон дастрас аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 август - Sputnik. Фенофибрат ва кислотаи фенофибрикӣ қодиранд коронавирусро нест кунанд. Ин хулосаро як гурӯҳи байналмилалии олимон бароварданд. Натиҷаи таҳқиқоти мутахассисон дар маҷаллаи Frontiers in Pharmacology чоп шудааст.
Фенофибрат барои паст кардани холестирин дар беморони гирифтори бемориҳои дилу раг истифода мешавад. Ҳангоми таҷрибаҳо, олимон муайян карданд, ки таъсири вирусиро 70% коҳиш медиҳад.
Илова бар ин, фенофибрат дар аксари намудҳои COVID-19 самаранок нишон дода шудааст. Таъсири онро ба штамми "делта" айни замон мутахассисон омӯхта истодаанд.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Роҳи нави ҳифзи кӯдакон аз коронавирус маълум шуд
Дору қимат нест ва дар тамоми ҷаҳон дастрас аст. Ба гуфтаи олимон, он метавонад дар кишварҳои даромади кам ва миёна истифода шавад.
Фенофибратро дар бемороне истифода бурдан мумкин аст, ки ба онҳо эмкунӣ тавсия дода намешавад.
Пештар, олимон муаян карданд, ки доруҳои зидди кирми меъда бар зидди коронавирус муассиранд. Чунин доруҳо дорои моддаҳое мебошанд, ки на танҳо ба COVID-19, балки ба дигар намудҳои сироятҳо низ таъсир мерасонанд.