"Модари театр"- и Конибодом даргузашт: дар хона зери дастгоҳи ИВЛ нафас мекашид

Истатой Мамадҷонова, ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, устоди пешбари санъат дар театри шаҳри Конибодом дар синни 68 – солагӣ бар асари беморӣ аз олам даргузашт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 авг – Sputnik. Фаррух Ваитов, яке аз ҳунармандони Театри шаҳри Конибодом дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Мамадҷонова чанд вақти охир дар хона табобат мегирифт, вале дирӯз ҷон ба Ҳақ таслим намуд.
"Ҳудуди як моҳ қабл барои бемории қанд ва фишорбаландӣ дар бемористони шаҳрӣ бистарӣ буданд. Се рӯз қабл аз вафоташон бо гурӯҳи ҳамкорон ба аёдати ӯ ба хонаашон рафтем, ки зери дастгоҳи нафасгирии сунъӣ (оксигенератор) қарор доштанд. Саҳарии дирӯз хабар доданд, ки рӯзашон буд шудаву бандагӣ кардаанд”, - гуфт манбаъ.
Дар бораи вафоти ин ҳунарманди соҳаи театр ва синамо дар Конибодом баъзе аз ҳамкоронаш низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дода, навиштаанд, ки "Модари театр" моро тарк намуданд.
Мамадҷонова, аз шумори ҳунармандони зан дар театр гуфта мешуд, ки ҳудуди чиҳил соли худро барои рушди ин соҳа бахшидааст.
Марҳум 21 феврали соли 1953 дар шаҳри Конибодом таваллуд шудааст. Омӯзишгоҳи педагогӣ, ҳозира Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро хатм намуда, аз соли 1971 фаъолияти меҳнатиашро дар Театри мусиқӣ – драмавии ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом шурӯъ намудааст.
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
30 - сола ва устоди Донишгоҳи Хуҷанд: "аз марги Мубина хурду калон хун мегирянд"
Аз он замон то ин инҷониб ба даҳҳо намоишномаҳои театрӣ аз ҷумла "Нурхон", "Тошболтаи ошиқ", "Зафар ва Зарина", "Модар – Ватан", "Ваҳваҳабонувон" ва "Модар ман зан мегирам" нақши асосиро иҷро кардааст.
Аз соли 2010 ба ин тараф дар якчанд филмномаҳо аз ҷумла "Ормонҳо", "Паймон" ва "Тангно" образҳои ҳамсоязан ва модари муаллимро ба иҷро расонидаааст.
Бояд гуфт, ки 15 окбяри соли 1987 ба Мамадҷонова унвони Артисти хизматнишондодаи Тоҷикистон тақдим карда шуд.
Ҷанозаи Истатой Мамадҷонова соати 10:00 - и дирӯз дар қабристони маъруф ба “Фирӯзаобод” - и шаҳри Конибодом бо иштироки пайвандон ва ҳамкорону ҳамсоягонаш ба хок супурда шуд.