Узрхоҳии Аскав Акаев аз мардуми Қирғизистон барои "Кумтор": ӯ гуфт, гунаҳкор кист - видео

Нахустин президенти Қирғизистон Аскар Акаев сабаби ба кишвар баргаштанашро гуфт ва иқрор шуд, ки созишномаҳо оид ба лоиҳаи "Кумтор" ба фоидаи кишвар нестанд. Вай инчунин шарҳ дод, ки чаро ин ҳуҷҷатҳо имзо шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 авг – Sputnik. Ёдовар мешавем, ки 2 август Акаев барои анҷом додани амалҳои тафтишотӣ ва аниқ кардани дигар масъалаҳое, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доранд, ба Бишкек парвоз кард.
Ҳоло ӯ "бо тафтишот фаъолона ҳамкорӣ мекунад".
Қаблан Акаев дар робита ба бастани созишномаи генералӣ оид ба лоиҳаи "Кумтор" дар соли 1992, тағйирот ба он дар соли 1994, инчунин ҳангоми таҷдиди сохтори созишномаи генералӣ бо ширкати Cameco дар соли 2003 дар бораи гумонбар шудан ба коррупсия, огоҳинома гирифта буд.
Акнун Акаев аз мардуми Қирғизистон барои хатогиҳо ҳангоми иҷрои лоиҳаи "Кумтор" бахшиш пурсид, менависад Sputnik Қирғизистон.
Ба гуфтаи президенти пешин, пас аз имзои созишномаи генералӣ дар бораи "Кумтор" дар соли 1992 ҷониби Қирғизистон бар зарари манфиатҳои миллӣ гузаштҳои зиёде кард.

"Ман барои хатогиҳои содиркардаам самимона бахшиш мепурсам. Барои он, ки умеди мардуми Қирғизистонро дар робита ба лоиҳаи "Кумтор" барбод додам. Набудани назорати дуруст аз ҷониби ман ба ҳукумат ба сармоягузорони Канада имкон дод, ки конро пурра назорат кунанд, фоидаи калон гиранд ва ба Қирғизистон дивидендҳои ночизу мушкилоти экологӣ боқӣ гузоранд", - гуфт Акаев.

Акаев мегӯяд, ин на танҳо иштибоҳи ҷиноии ҳукумат аст. Балки хатогии ӯ низ ҳаст.
"Ин иштибоҳи ман ҳам ҳамчун сарвари давлат аст, зеро дар бораи лоиҳаи "Кумтор" тасмим гирифтам, ба ҳукумат кӯр - кӯрона эътимод кардам ва бовар доштам, ки ҳангоми имзои созишнома манфиатҳои Қирғизистон пурра ба назар гирифта шудаанд".
Собиқ президент афзуда, ки бо назардошти ҳамаи ин, ӯ бо тафтишот ҳамкориро идома медиҳад.
Аскар Акаев, ки дар пайгард қарор дошт, ба Бишкек оварда шуд
"Аммо ман ҳамчун як шаҳрванди Қирғизистон ва ҳамчун президенти собиқ барои хатогиҳоям худро гунаҳкор эҳсос мекунам ва бори дигар мехоҳам аз шумо самимона бахшиш бихоҳам", - хулоса кард Акаев.
Собиқ президенти Қирғизистон Аскар Акаев 16 сол пас аз инқилоби марти 2005, ба Бишкек бозгашт.
Аскар Акаев, ки дар пайгард қарор дошт, ба Бишкек оварда шуд
Дар рӯзи аввали сафараш, ӯро Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бозпурсӣ карда буд ва пасон ӯ аз зодгоҳаш - ноҳияи Кемин боздид кард.