Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо

30 - сола ва устоди Донишгоҳи Хуҷанд: "аз марги Мубина хурду калон хун мегирянд"

Расман иллати марги Мубинаи 30 - сола ифшо нагардидааст, аммо аксар сокинони Хуҷанд мегӯяд, ин омӯзгори ҷавон аз коронавирус ҷон бохтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд як омӯзгори 30 - сола ҷон аз даст додааст. Марҳум, Мубина Неъматова буда, муаллимаи кафедраи технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров буд.
Аз марги ин мутахассиси ҷавон корбаре бо номи Хиёмиддин Исмоилов дар сафҳаи Facebook - ии худ хабар дода, акси духтари нозанинро нашр намудааст.
Исмоилов навиштааст, ки аз марги бармаҳали Мубина хурду бузург дар Хуҷанд хун мегирянд.
"Мегӯянд, ки марг гулчин аст. Воқеан имрӯз аз боғи ҳаёти мо гулеро барчинд, ки ба атроф фақат зебоӣ ва тароват мебахшид", - навиштааст ӯ.
Дар зери ин навиштаву аксе, ки Исмоилов дар сафҳаи худ ҷо додааст, одамони зиёд шарҳ навиштаанду дар ҳаққи омӯзгори ғурамарг дуогӯӣ намуданд.
Ҳамагӣ 42-сола: Марҳабо Юсупова, корманди Донишгоҳи Хуҷанд аз коронавирус даргузашт
Дар шарҳи гузоштаи корбарон навишта шудааст, ки Мубина аз вируси COVID - 19 ҷон бохтааст.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш ҳам як корманди ин донишгоҳ бар асари мубталошавӣ ба бемории коронавирус ҷон бохт.
Марҳум, Марҳабо Юсупова, котиб - ҳуҷҷатнигори Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров буда, дар синни ҳамагӣ 42 сол тӯъмаи ин вирус гардид.