ДУШАНБЕ, 8 авг – Sputnik. Хурӯҷи коронавирус дар байни кӯдакон дар оғози соли таҳсил метавонад бо суръат бахшидани ваксиназании калонсолон пешгирӣ карда шавад.
Дар ин бора табиби бемориҳои сироятӣ Евгений Тимаков дар мусоҳиба бо ТАСС изҳор дошт.
"Барои кӯдакон рощи мушаххаси мущофизат вуҷуд дорад. Ин ваксина аст. Агар калонсолон эм карда шаванд ва иммунитети оммавӣ ташаккул ёбад, кӯдакон бемор намешаванд. Аз ҳама муҳим сироят накардани кӯдак аст", - қайд кард мутахассис.
Ба гуфти Тимаков, дар оғози ҳамагирии вируси корона ҳолатҳои сироятёбии COVID-19 кӯдакон аз ин вабои аср, кам буд. Аммо, ҳоло мутатсияҳои бештари коронавирус ба вуҷуд омадаанд ва хавф зиёд аст.
Духтур таъкид кард, ки эволютсияи ҳама гуна беморӣ ба сироят кардани шумораи ҳарчи бештари одамон нигаронида шудааст. Тибқи омор, ҳатто навзодон назар ба зимистон дар аввали соли 2021, 26 маротиба бештар ба COVID-19 гирифтор мешаванд.
Дар навбати худ, коршиносон аз эҳтимоли афзоиши гирифторӣ ба коронавирус дар аввали соли хониш мегӯянд.
"Барои сироят накардани ҳамдигар миёни кӯдакон ҳеҷ ионеае вуҷуд надорад: дар гурӯҳҳо муоширати наздик аст, кӯдакон одатан ниқоб намепӯшанд. Бо пайдоиши штаммҳои дигари сироятӣ, ин ҳама метавонад афзоиш ёбад", - таъкид кард доктори илми тиб профессор Николай Малишев.
Қаблан пизишки ҳамагиршинос Александр Горелов дар бораи мушкилоти пас аз коронавирус, ки дар кӯдакон пайдо мешавад, сухан гуфта буд. Мутахассис қайд кард, ки дар баъзе мавридҳо он ба дил, гурда, мағзи сар ва рӯда таъсир мерасонад.