Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

Қатли даҳҳо ҷангҷӯи Толибон* дар манотиқи ҳаммарзи Тоҷикистон

Дар натиҷаи ҳамлаҳо ба шаҳрҳо ва навоҳии марзии Афғонистон наздики 90 ҷангҷӯй кушта шудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 авг – Sputnik. Дар паи амалиёти вижа дар Файзобод, маркази вилояти Бадахшони Афғонистон, тақрибан 35 ҷангҷӯй ва чанд фармондеҳи ҷунбиши радикалии Толибон*, кушта шуданд.
Дар ин бора аз маркази матбуоти корпуси 217 -уми артиши миллии Афғонистон "Помир" хабар додаанд.
Гуфта мешавад, ки Толибон* аз чор тараф шаҳрро забт карданӣ буданд, аммо бо муқовимати нерӯҳои ҳукуматӣ дучор шуданд.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Сафорати ИМА аз шаҳрвандонаш дар Кобул хост, фавран Афғонистонро тарк кунанд
Инчунин, дар натиҷаи задухӯрдҳои шадид 25 террорист маҷрӯҳ шудаанд.
Илова бар ин, нерӯҳои дифоъ ва амнияти миллӣ тавонистанд ҳамлаҳо ба Курон ва Мунҷонро, низ рафъ кунанд. Толибон* назорати вилоятро дар мадди аввал мегузоранд, чун ин ҷо бузургтарин макони лоҷвард дар ҷаҳон аст.
"Ҳангоми задухӯрд дар ин минтақа, 12 террорист кушта ва 8 тани дигар захмӣ шуданд", - таъкид мекунад маркази матбуот.
Маршал Дӯстум ба Ғанӣ гуфт ба ӯ эътимод кунад: пешниҳоди эълони вазъияти низомӣ
Дар вилояти Қундуз дар натиҷаи зарбаҳои ҳавоӣ 47 ҷангии Толибон*, аз ҷумла яке аз фармондеҳони калидии онҳо Ҳакёр кушта шуданд. Тақрибан 40 ҷангҷӯ маҷрӯҳ гардиданд.
Ба гуфти сокинони минтақаҳои марзии Тоҷикистон, амалҳои радикалҳо онҳоро наметарсонад. Зиндагӣ дар маҳалҳои аҳолинишин оромона идома дорад.
* - созмони террористӣ, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар мамнӯъ аст