ДУШАНБЕ, 8 авг – Sputnik. Тайи 24 соати гузашта дар Тоҷикистон 70 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст, омадааст дар омори расмии Вазорати тандурустӣ.
Вазорат мегӯяд, теъдоди шифоёфтагон аз гирифторшудаҳо тайи шабонарӯзи гузашта ба 83 нафар баробар шуд.
Манбаъ афзуд, тайи шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати фавт аз коронавирус сабт нашуда, шумораи ҷонбохтагон аз ин беморӣ ҳамоно 122 нафарро ташкил медиҳад.
Ҳамин тавр, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 8 август дар кишвар 15583 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 15119 нафар (97,0%) шифо ёфтаанд.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват мекунад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаро қатъиян риоя намоянд.
Ин ниҳод рӯзи 21 июн аз сар задани мавҷи дуюми коронаиврус хабар дод ва сипас ваксингирии ҳатмӣ барои афроди аз 18 - сола болоро ҷорӣ кард.
Ҳоло дар Тоҷикистон ба мардум се намуд ваксин AstraZeneca, Moderna ва дигаре CoronaVac пешниҳод мешавад.