ДУШАНБЕ, 8 авг – Sputnik. Дар рақобати ниҳоии Бозиҳои олимпӣ варзишгари ӯзбек Баҳодур Ҷалолов бар рақибаш - муштзани амрикоӣ Ричард Торрес пирӯз шуд, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон.
Ҷалолов рақибашро пахш карда, ба ӯ шонси пирӯзӣ надод: ҳисоб пас аз се давр ба нафъи варзишкори ӯзбек 5: 0 баробар шуд.
Ин ғалабаи бесобиқаи тими миллии муштзании Ӯзбекистон аст.
Бозиҳои олимпии Токио - 2020 барои Ӯзбекистон бо се нишони тилло ва ду биринҷӣ ба анҷом расид.
Ногуфта намонад, ки Тоҷикистонро дар олимпиадаи Токио - 2020 11 варзишкор намояндагӣ карданд. Муттаассифона дастаи олимпии Тоҷикистон аз Токио бе медал баргашт.
Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои олимпӣ дар Токио аз 23 июл то 8 август шуд.