ДУШАНБЕ, 8 авг – Sputnik. Баромади варзишкорони Қазоқистон дар таърихи тими миллии ин кишвар дар олимпиадаи тобистона бадтарин натиҷа аст, хабар медиҳадSputnik Қазоқистон.
Мунтахаби олимпии Қазоқистон дар Бозиҳои Олимпии Токио танҳо ҳаст медал ба даст овард ва ҳамаи онҳо биринҷӣ буданд.
Камтар аз ин шумора дастаи олимпии Қазоқистон соли 2000 дар Сидней ба даст овард - 7 медал (се тилло ва чор нуқра).
Дар зер медалҳои Қазоқистон дар Олимпиадаҳои тобистона оварда шудааст:
Атланта 1996: се тилло, чор нуқра ва чор биринҷӣ - ҳамагӣ 11;
Сидней 2000: се тилло ва чор нуқра - ҳамагӣ 7;
Афина 2004: як тилло, чор нуқра ва се биринҷӣ - ҳамагӣ 8;
Пекин 2008: ду тилло, се нуқра ва чор биринҷӣ - ҳамагӣ 9;
Лондон 2012: се тилло, як нуқра ва ҳафт биринҷӣ -ҳамагӣ 11;
Рио -2016: муваффақтарин Олимпиада то имрӯз - се тилло, панҷ нуқра ва даҳ биринҷӣ - ҳамагӣ 18;
Токио 2020: ҳашт биринҷӣ.