ДУШАНБЕ, 8 авг – Sputnik. Субҳи барвақт дар ғарби Туркия садамаи мудҳиш рух дод.
Автобуси мусофиркашонӣ, ки дар масири Балекесир-Эдмерит ҳаракат мекард, дар минтақаи Балекесир чаппа шуд, хабар медиҳад РИА Новости.
Ёздаҳ нафар дар ҷои ҳодиса ҷон бохтанду се нафар дар беморхонаҳо ба ҳалокат расиданд.
18 нафари дигар бо ҷароҳатҳои вазнини гуногун дар панҷ беморхона бистарӣ карда шудаанд.
То кунун дар бораи ҳувияти кушташудагон хабар дода нашудааст.
Ёдрас мешавем, ки дирӯз низ дар музофоти Манисаи Туркися як автобус ба садама дучор шуд.
Дар натиҷаи ин бархӯрд 9 нафар кушта ва 30 нафар маҷрӯҳ шуданд.