ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Саидэҳсон Солиев, рӯзноманигори тоҷик, муроҷиати як оиларо нашр кардааст, ки аз ҷин дар хонаашон шикоят доранд.
Соҳибхона дар навори нашркардаи рӯзноманигор изҳор медорад, ки дигар намедонад, куҷо муроҷиат кунад, чун қаблан агар “ҷин” танҳо ашёи хонаро мешикаст, вақтҳои охир ашёҳоро бо худ мебарад.
“Аввал ғоратгарӣ намекард, фақат мешикаст. Се муллоро овардам дуо хонданд, се рӯз шуд, ки ашёро дуздида мебарад”, - изҳор медорад соҳибхона.
Меҳмондори “ҷин” мегӯяд, муллоро суол додааст, ӯ чӣ гуна медарояд, посух гирифтааст, ки худашро хеле майда мекунаду аз сӯрохии сӯзан ҳам ворид шуда метавонад.
Нуктаи ҷолиб ба таъкиди ҷабрдида аз ҷин ин аст, ки писараш ашёҳоро зуд меёбад. Падари хонавода аз ҷумла мисол овардааст, ки ҷин ахиран ду қайчию дастгоҳи қувватдиҳанда – “зарядник” – ро бурдаст.
Ба суол, ки чигуна писар ашёи гумшударо меёбад, падару фарзанд посух медиҳанд, ки чашмони тез дорад. Инчунин зикр шудааст, ки ҷин ёри писараш шудааст.
Ба суолҳо, ки чигуна писар ашёҳоро меёбад, наврас посухи мушаххас дода наметавонад ва чашмонашро гурезонда ба тезии биноияш ишора мекунад.
Ин дар ҳолест, ки қаблан дар Тоҷикистон ба далели зиёд будани ҳолатҳои хурофотпарастӣ бо қонунгузории ҷумҳурӣ тағйирот ворид гардида, алайҳи афроде, ки бо сӯиистифода аз боварию эътиқоди мардум ба фиребкориҳо даст мезананд, ҷавобгарӣ пешбинӣ шуд.