ДУШАНБЕ, 6 авг - Sputnik. Ҷангҷӯёни ҳаракати радикалии Толибон* вориди маркази вилояти Ҷузҷони шимоли Афғонистон шуданд, хабар дод Tolo News
Дар болои шаҳри Шибирғон байни сарбозони афғон ва Толибон* задухӯрдҳои шадид ба амал омаданд.
Гуфта мешавад, ки дар маркази вилоят ҷангҷӯён хонаи маршал ва собиқ ноиби президенти кишвар Абдулрашид Дӯстумро оташ задаанд.
Задухӯрд байни ҷангиёни Толибон* ва нерӯҳои ҳукуматӣ дар Афғонистон идома дорад.
Вазъияти харбию сиёсии ин ҷумҳурӣ дар мохи июн дар заминаи баровардани кушунхои Амрико тезу тунд шуд.
Артиши Афғонистон саъй дорад, ҳамлаи ҷангҷӯёнро ҷилавгирӣ кунад, аммо тибқи маълумоти расмӣ, аз 398 беш аз 200 шаҳристон таҳти назорати Толибон* қарор гирифтаанд.
Эзоҳ: Толибон* - ташкилоти террористие, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар манъ карда шудааст.