Ҳирот суқут намекунад: Исмоилхон гуфт, барои саркӯби Толибон* силоҳи бештар мехоҳад

Фармондеҳи нирӯҳои хезиши мардумӣ дар Ҳирот мегӯяд, ҳукумати марказӣ бояд онҳоро бо аслиҳа ва техникаи низомӣ таъмин кунад.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 авг – Sputnik. Амир Исмоил Хон, фармондеҳи ҷиҳод ва ошӯбҳои мардумӣ дар Ҳирот, ба Sputnik Афғонистон дар бораи вазъи кунунии Ҳирот гуфтааст, ки ҳамлаҳои Толибон* ақиб зада шуд, ва ҷанг дар ин вилоят идома дорад.
Оқои Исмоилхон афзуд, ки ҳеҷ нигаронӣ аз афтидани Ҳирот ба дасти Толибон* нест.
Ҷанг дар Афғонистон: Амир Исмоилхон дар хатти набард - видео аз ҷои ҳодиса
Аз сӯи дигар, фармондеҳ Исмоилхон аз ҳукумати марказӣ даъват кардааст, ки онҳоро бо таҷҳизоти нав ва бештар таъмин кунад: "Ҳукумат ба мо як миқдор аслиҳа кумак кард, аммо ин кофӣ нест. Мо боз бештар дархост кардем ва умедворем, ки онҳо онро таъмин хоҳанд кард ба мо".

"Мо ба силоҳ ба монанди Калашниковҳо, пулемёти Пика, мушакҳо, миномётҳо ва дигар намудҳои муҳимоти ҷангӣ ва кӯмаки молиявӣ ниёз дорем, то мо ба нерӯҳои худ аз ҷиҳати молиявӣ кумак кунем", - гуфт ӯ.

Ҳамлаҳои густурдаи Толибон* ба шаҳри Ҳирот бо муқовимати оммавӣ ва нерӯҳои амниятӣ дафъ карда шуданд.
Аз сӯйи дигар, даргириҳо миёни Толибон ва нерӯҳои амниятӣ афзоиш ёфтааст ва ҳанӯз поёни ин ҷанг маълум нест.
Эзоҳ: Толибон* - ташкилоти террористие, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар манъ карда шудааст.