Рӯзи 6 август дар ҷаҳон чӣ рух дод
Соли 1889 дар ИМА охирин маротиба муҳорибаи бокс бидуни дастпӯш баргузор гашт.
Соли 1889 дар Лондон меҳмонхонаи "Савой" кушода шуд, ки аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон ҳамчун меҳмонхонаи ҳамаи ҳуҷраҳояш дорои ҳаммом ном баровард.
Соли 1914 Чин нисбат ба ҷанги якуми ҷаҳон бетарафии худро эълон кард.
Соли 1929 аввалин маротиба дар Британияи Кабир курсҳои омӯзиши ронандагӣ роҳандозӣ гардиданд.
Соли 1945 америкоиҳо ба шаҳри Хиросимаи Ҷопон бомбаи атомӣ партофтанд.
Соли 1991 Бангладеш аз шакли идоракунии президентӣ даст кашида, ба шакли идоракунии парламентӣ гузашт.
Соли 1991 пайдоши аввалин интернет-сервис WWW (World Wide Web).
Соли 2000 истгоҳи байналмилалии ҳавонавардӣ киштии кайҳонии борбарандаи "Прогресс"-ро ба кайҳон сар дод.
Рӯзи 6 август дар Тоҷикистон чӣ рух дод
Соли 2001 бо қарори Суди олӣ фаъолияти ҳизби сиёсии “Адолатхоҳ” қатъ гардид.
Соли 2003 баъд аз танаффуси дусола Тоҷикистон ба Қазоқистон дубора барқ дод.
Соли 2009 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Қадирбек Сарбаев масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ карданд.
Соли 2011 дар Тоҷикистон қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” қабул шуд.
Соли 2011 дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон маҷмааи варзишии обӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Соли 2014 аз номи Федератсияи байналмилалии таэквондо (ITF) ба Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун нишони эҳтиром камарбанди сиёҳи дани 9-ум бо сертификати он ва кимоно супорида шуд.
Соли 2016 Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Варзоб аз иншооти Маҷмааи лижаронию сайёҳии "Сафеддара" боздид карда, бо шароити ин мавзеи варзишию сайёҳӣ шинос шуда, аз ҷумла аз меҳмонхонаи 4-ошёнаи барҳавою замонавӣ, нуқтаи нигоҳдории барфгардҳо, тарабхонаю марказҳои савдо ва мавзеъҳои лижаронию барфгардӣ дидан карда, ба шароити муҳайёгардидаи ин маҷмаа баҳои баланд дод.
Ҷашнҳои рӯзи 6 август
Рӯзи байналхалқии "табибон барои сулҳ".
Дар Русия – Рӯзи неруҳои роҳи оҳан.
Рӯзи ҷаҳонии мубориза барои манъи силоҳи ҳастаӣ.
Рӯзи кӯдакон дар Аргентина.
Рӯзи истиқлолияти Боливия ва Ямайка.
Рӯзи 6 август дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст
Аюб Раҳим (1951) – шоир.
Бекзода Хушбахт (1945)- нависанда.
Дамир Дӯстмуҳаммадов (1941 – 2003) – оҳангсоз, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.
Имомназари Холназар (1952 – 2007) – нависандаи ҳаҷвнигор.
Виталий Колберг (1913-1989)- доктори илми тиб, профессор.
Нуриддини Амриддин (1956) – шоир.
Толиб Муинов (1932 – 2000) – доктори илмҳои физикаю математика.
Манзура Улҷабоева (1953) – рассом – ороишгар.
Абдураҳмон Ҳакимов (1940) – доктори илми иқтисод, профессор.
Юлдош Ҳоҷибоев (1945) – доктори илми химия.