Сели ҷонхор: ҷасади сокини Амондара аз зери лою об ёфт шуд

Бар асари фаромадани сел дар вилояти Суғд, чанд деҳа зарар диду як сокини Амондара ҷон аз даст дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 авг – Sputnik. Шоми рӯзи 5 август тахминан соати 17:30 дар вилояти Суғд, бар асари борони пуршиддат дар ҷамоати деҳоти Амондара сел омад, хабар медиҳад Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Суғд.
Ин сел ба се ҳавлии сокинони деҳаи Амондара лойоба ворид карда, 29 замини наздиҳавлигии шаҳрвандон, 10 гектар заминҳои кишоварзӣ ва 10 км роҳи автомобилгарди деҳаро низ аз лой пур кардааст.
Ҳамчунин дар ҷамоати деҳоти Ёрӣ, маҳаллаи Сушанг ва ҷамоати деҳоти Шинг, деҳаи Заврон низ сел зарар расонидааст.

"Дар паи сел як сокини 60-солаи деҳаи Амондара ба ҳалокат расид. Баъди ҷустуҷӯҳои зиёд аҳолии деҳа ҷасади ӯро аз зери лойю об субҳи имрӯз, 6-уми август, соати 06:20 дақиқа пайдо ва ба соҳибонаш супурданд", - омадааст дар хабарнома.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба сокинони кишвар ҳушдор медиҳад, ки бино ба маълумоти Ожонсии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзи 6-уми август низ дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва қисмати ғарбии ВМКБ эҳтимоли омадани селҳо вуҷуд дорад.
Кумита мегӯяд, чунин эҳтимолият бар асари об шудани пиряхҳо аз гармои шадид вуҷуд дорад.
Ба 14 хонаводаи аз сел зарардида дар Вахш, калиди хона супорида шуд
КҲФ аз сокинон даъват мекунад, ки сари вақт селроҳаҳо ва ҷӯйбору каналҳоро аз ҳар гуна монеъаҳо пок кунанд, то сел роҳи гузар пайдо кунад ва вориди хонаҳову ҳавлиҳо ва заминҳои кишт нашавад.