ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Дар деҳаи Навзамини ҷамоати деҳоти ноҳияи Хуросон, ҳамсояҳо Холматовҳо ва Эргашевҳо барои оби полезии заминҳои наздиҳавлигияшон занозанӣ кардаанд, ки дар натиҷа як нафар ба ҳалокат расидааст, гузориш дод ВУД.
Манбаъ мегӯяд, қазия 30 июл аз он оғоз гардид, ки Холматов Муродалӣ, зодаи соли 1972 дар ҳолати мастӣ ба манзили шаҳрванд Эргашов Раҳимҷони 25-сола омада, ӯро дашномҳои қабеҳ додаст ва ин боиси сар задани муноқиша мегардад.
Аз ҳолати мазкур огоҳ шуда, Эргашев Маҳмадраҷаби 23 – сола ва чанд хеши Эргашевҳо ба латукӯб ҳамроҳ гардидаанд. Маҳмадраҷаб зимни муноқиша Холматов Урозро аз пой афтондаст ва охирон аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст, гузориш дод ВУД.
Додситонии ноҳияи Хуросон аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, тафтишот идома дорад.