ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон рӯзи дониш 1 сентябр баргузор мешавад, ҳарчанд хонандагони синфи 1 - ум аз рӯзи 10 август ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.
Манобеи "Ховар" аз қавли сармутахассиси Раёсати таҳсилоти миёнаи умуии Вазорати маориф Марҳабохон Одилова менависад, ки ҷалби хонандагони синфи якум бо фармони Вазорати маориф сурат гирифт.
Нобурда гуфт, мақсади асосӣ мутобиқ намудани хурдсолон ба таҳсил дар мактаб мебошад. Даври мутобиқшавии онҳо аз 10 то 20 август тӯл мекашад ва дар баробари дигар хонандагон сар аз 1 сентябр ба таҳсили пурра фаро гирифта мешаванд.
Илова бар ин, Одилова изҳор доштааст, ки камбуди ҷойи нишаст дар мактабҳои Душанбе ва Кӯлоб низ бартараф шуд. Ба хотири ҳал намудани ин мушкилӣ, қабули хонандагон аз дигар шаҳру ноҳияҳо дар муассисаҳои таълимии пойтахт ва шаҳри Кӯлоб маҳдуд гардидааст.
Намояндаи вазорат таъкид намуд, маҳдудияти мазкур танҳо хоси мактабҳои Душанбе ва Кӯлоб буда, ба дигар муассисаҳои таълимӣ дар шаҳру навоҳии мамлакат рабт надорад.
Ин иқдоми Вазорат дар ҳолест, ки аксар волидон дар шаҳри Душанбе аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки дар синфхонаҳо сари ҳар як миз то 3 нафарӣ хонандагон менишинанд. Ин аҳвол онҳоро махсус дар замони авҷи маризии коронавирус нороҳат кард.
Дар ҳамин ҳол, феълан дар тамоми мактабҳои ҷумҳурӣ корҳои безараркунӣ идома дорад.
Ёдовар мешавем, соли гузашта бинобар пандемияи коронавирус дар Тоҷикистон таътили тобистона аз моҳи май шурӯъ шуда, хонандагон 17 август ба идомаи таҳсил баргаштанд.