ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз маҳдудияти интиқоли об хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, бо сабаби амалисозии корҳои таъмирию профилактикӣ фишори об суст гардида, дар кӯчаҳои Ҷомӣ, шаҳракҳои 61, 62, 63, 64, 65 - ноҳияи Фирдавсӣ ва маҳаллаи Гипроземи ноҳияи Сино интиқоли оби ошомиданӣ номунтазам мегардад.
Маҳдудияти интиқоли об аз соати 22:00 - и рӯзи 5 август то 10:00 - и 6 август идома меёбад.
Манбаъ меафзояд, корҳои таъмирӣ ва бунёди роҳ дар кӯчаҳои Қосимов-Фирдавсӣ идома ёфта, барои ивазу пайвасти қубурҳои оби ошомиданӣ ба масофаи беш аз 400 метр дар ин муддат интиқоли об ба сокинон маҳдуд мегардад.
Ба ҳамин минвол манбаъ аз шаҳрвандоне, ки дар кӯчаҳои Фирдавсӣ - 25/1, 27, 27 /,1,2, 4,5, — 35, 37, 39, — 29, 29/ 1, 2, 3, -13/1,13/8,13/10, 13/12, -7/1, 9/4, 5,6, -5/2,3,4,5, — 1/1, — 13/18, 20, — 15/1,2,3,4 ва кӯчаи Қосимов, 7/1,2,3,4,5, 5/1, 5/4, 5/5 зиндагӣ мекунанд, хоҳиш намудааст, ки обро барои як шаб захира намоянд.