ДУШАНБЕ, 5 авг – Sputnik. Асабшиноси шинохтаи тоҷик ҳоҷӣ - Раҳимҷон Ҳошимов дар синни 74-солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт.
Дар ин бора писараш Фурқатҷон Ҳошимов дар Facebook хабар додааст.
Бино ба иттилои манбаъ, табиб дар паи бемории начандон тӯлонӣ ҷон аз даст додааст. Вале, дақиқ гуфта нашудааст, ки Ҳошимов аз кадом беморӣ вафот кардааст.
Ҷанозаи марҳум рӯзи 5 август вақти намози пешин дар масҷиди ҷомеъи Нури Исломи шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад.
Раҳимҷон Ҳошимов дар тӯли ҳаёташ садҳо шогирдонро тарбия кардаву давобахши ҳазорон бемор будааст.
Шогирдон ва ёру дӯстон бо хонаводаи марҳум изҳори ҳамдардӣ кардаанд.