ДУШАНБЕ, 5 авг - Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард.
Тибқи иттилои ин ниҳод арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1551 сомонӣ мебошад. Рӯзи гузашта барои як рубл дар Тоҷикистон 0.1546 сомонӣ медоданд.
Қурби доллар бошад, нисбат ба нишондоди рӯзи гузашта бетағйир боқӣ мондааст, 1 доллари ИМА 11.3225 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон тибқи иттилои БМТ, қурби асъори аврупоӣ нисбат ба сомонӣ дар ҳоли шинокунанда қарор дораду каме боло ҳам рафтааст.
Як евро 13.4692 сомонӣ муқаррар шудааст. Рӯзи гузашта, 4 август дар бозори арз қурби як евро дар марзи 13.4557 сомонӣ қарор дошт.
Ҳамин тавр, қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст.
1 доллари ИМА аз 11.3225 то 11.3400 сомонӣ;
1 евро аз 13.4692 то 13.5200 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1551 то 0.1560 сомонӣ.
Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.