"Ренҷ ровер" - ро байни роҳ гузошту фикри дигаронро накард: огоҳӣ ба Сулаймонов - видео

Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе навори таваққуфи мошини "Ренҷ ровер" - ро дар байни роҳ, ки боиси танбашавии нақлиёт шудааст, таҳқиқ намуда, гунаҳкорро муайян кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Навори таваққуфи нодурусти автомашинаи тамғаи "Ренҷ ровер" дар роҳи автомобилгарди бозори "Корвон", ки боиси банд гардидани роҳ шуда буд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳс барангехт.
Дар навор намоиш дода шуд, ки чӣ гуна автобусҳои мусофирбар ва дигар мошинҳо наметавонистанд, ҳаракатро идома диҳанд, чун "Ренҷ ровер" роҳро банд карда буду ронандааш низ ҳузур надошт.
Ба иттилои РВУД Душанбе, корбарони шабакаҳо аз амали соҳиби мошини гаронарзиш изҳори норозигӣ карда, хостори таҳқиқи қазия шудаанд.
Маъмурини милиса муайян кардаанд, ки ронандаи автомашинаи "Ренҷ ровер" шаҳрванд Алиев Исломиддин, соли таваллудаш 1995 истиқоматкунандаи ноҳияи Ёвон мебошад ва автомашина ба ҷаримагоҳи муваққатӣ дастрас карда шудааст.
Дар иттилоияи мақомоти милиса омадааст, ки барои таваққуфи нодуруст нисбати шаҳрванди дигар, Бахтиёр Сулаймонов санади маъмурӣ тартиб дода шуда, барои такрор накардани чунин ҳолат ба таври қатъӣ огоҳонида шуд.
Ин навору муҷозот дар ҳолест, ки бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, аксаран соҳибони мошинҳои гаронарзиш дар роҳҳо ба худсариҳо роҳ медиҳанд. Мақомоти дохилӣ низ бо баргузории рейдҳои махсус қонуншиканҳоро муайяну тариқи расонаҳо нишон медиҳад.