ВУД: ягон гуреза аз Афғонистон дар Тоҷикистон дар пайи ҳаводиси охир сабт нашудааст

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи ҳамлаҳои ахири Толибон* дар шимоли Афғонистон ва ғасби бархе аз минтақаҳо ягон гурезаи афғон дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст. Теъдоди гурезаҳои қаблӣ беш аз 3 ҳазор арзёбӣ шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, изҳор дошт, ки дар пайи ҳаводиси охири Афғонистон ягон гуреза аз ин кишвар ба қайд гирифта нашудааст.
Вазири умури дохилӣ тавзеҳ дод, он нафароне, ки дар пайи ҳаводиси охир ба қаламрави Тоҷикистон гузаштанд, кормандони мақомоти қудратӣ буданд ва феълан ҳамаашон ба Ватан баргардонда шуданд.
Раҳимзода зикр намуд, ки қабули гурезаҳо қисман ба дӯши ВУД вогузор шудааст, ки ба ҳисобу қайди онҳо машғул мебошад.
Шикасти Толибон* дар ҷангҳо барои вилояти Ҳироти Афғонистон
Дар маҷмуъ ба гуфтаи Раҳимзода дар қаламрави Тоҷикистон то ҳол беш аз 3 ҳазор гурезаи афғон ба қайд гирифта шуданд.
Вазири умури дохилӣ афзуд, ки дар натиҷаи ҳодисаҳои охир ягон мушкили марбути гурезаҳо ба вуҷуд наомадасту маркази қабули гурезаҳо низ ташкил нашудааст. Ӯ афзуд, дар сурати пайдо шудани мушкилоти марбут ба омма иловатан хабар дода хоҳад шуд.
Ин изҳороти Раҳимзода дар ҳолест, ки вақтҳои охир ҷангиёни Толибон* дар шимоли Афғонистон фаъол шуда, бисёре аз минтақаҳоро ғасб карданд. Бархе аз низомиён дар пайи ҳамла ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистону Ӯзбекистон фирор намуданд.
*-созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар